Дар Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «I» оғоз меёбад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «I» оғоз мешавад, ки дар он дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон, Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур барои роҳхатҳои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё миёни ҳам рақобат мекунанд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар остонаи оғози марҳилаи интихобӣ 13 сентябр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои ташкилӣ ва нуктаҳои низомнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, ранги либосҳои дастаҳои иштирокчӣ тасдиқ карда шуданд.

Имрӯз, 14 сентябр дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бозии якуми худро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Сингапур барпо менамояд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор ва соати 20:00 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE