ИЗҲОРОТ оид ба идомаёбии вайрон кардани фазои ҳавоии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон
Вазорати корҳои хориҷӣ изҳор менамояд, ки амалҳои сершумори вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби таҷҳизотҳои парвозкунандаи бесарнишин (ТПБ), ки аз қаламрави Қирғизистон парвоз мекунанд, идома доранд.
21 сентябри соли 2022 аз соати 19:14 то 22:46 парвозҳои ТПБ Қирғизистон дар фазои ҳавоии шаҳрҳои Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Лахш, Рашт ва Мурғоб, инчунин дидбонгоҳҳои сарҳадии “Росровут”, “Муряк” ва “Нуробод”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида карда шуданд.
Тоҷикистон чунин амалҳои иғвоангези ҷониби Қирғизистонро ҳамчун дағалона вайрон кардани тамоми созишҳои бадастомада ва суиқасд ба марзи давлати соҳибистиқлол арзёбӣ менамояд.
Аз Қирғизистон қатъиян талаб карда мешавад, ки вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фавран бас кунад. Дар акси ҳол, ҷониби Тоҷикистон ин вазъиятро ҳамчун омодагии Қирғизистон ба амалҳои навбатии таҷовузкорона арзёбӣ намуда, масъулияти паёмади онро пурра ба души ҷониби Қирғизистон хоҳад гузошт.
Манбаъ: https://mfa.tj