Аҳмадзода ва Такаюкӣ ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Захираву имконият барои тақвияти ҳамкорӣ фаровон буда, бо дастгирии сафорат якчанд лоиҳаҳо амалӣ гардида истодаанд. Ин нуктаро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита иброз дошт.

Ҷонибҳо зимни суҳбат аз густариши муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд. Раиси вилоят гуфт, ки лоиҳаҳои системаи оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, сохтмони канали обёрӣ дар Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, дастрас намудани таҷҳизот барои маркази хизматрасонии калонсолон ва маъюбон дар шаҳри Истаравшан, сохтмони маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Хуҷанд татбиқ гардид.

Дипломати японӣ аз истиқболи самимӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз дошт, ки намояндагони сафорат дар маросими баҳрабардории иншооти зикршуда иштирок менамоянд. Зимни сафар сафир ва ҳамроҳонаш аз мавзеъҳои истироҳативу таърихии шаҳрҳои Панҷакенту Истаравшан ва Хуҷанд боздид карда, бо таърихи куҳан ва фарҳанги мардуми тоҷик шинос мегарданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE