МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БО ШИКАСТ ДОДАНИ ТИМИ ТРИНИДАД ВА ТОБАГО БА ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ «KING’S CUP 2022» РОҲ ЁФТ

Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозии ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» бо мунтахаби Тринидад ва Тобаго майдондорӣ кард. Вохӯрии дастаҳо дар  варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai»-и шаҳри Чиангмайи Тайланд  баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.

Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба нафъи мунтахаби Тринидад ва Тобаго буд. Голро дар ҳайати ин даста Ҷуда Гарсия дар дақиқаи 27-уми бозӣ ба дарвозаи Рустам Ятимов зад.

Дар қисми дуюми бозӣ дастпарварони Петр Сегрт куллан бозии дигар нишон доданд. Ҳанӯз дар дақиқаи 47-уми бозӣ Муҳаммадҷон Раҳимов ҳисобро мусовӣ кард. Дар дақиқаи 75-ум бозигари бомаҳорати мунтахаби Тоҷикистон – Эҳсони Панҷшанбе бо як зарбаи қавӣ натиҷаро 2 бар 1 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон кард. 

Мунтахаби Тоҷикистон ҳамакнун  пас аз ғалаба муқобили мунтахабе, ки соли 2006 дар Чемпионати Ҷаҳон иштирок карда буд, ба финали мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» роҳ ёфт. Тоҷикистон дар даври ниҳоӣ  бо ғолиби ҷуфти мунтахабҳои Тайланд ва Малайзия андари майдони рақобат мешавад. Бозии ниҳоӣ рӯзи 25-уми сентябр соати 18:30 ба вақти Душанбе доир мешавад.

 48-умин Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» |1/2 ниҳоӣ

Тринидад ва Тобаго  1:2  ТОҶИКИСТОН

Голҳо: Ҷуда Гарсия ’27, Мухаммадҷон Раҳимов ‘47, Эҳсони Панҷшанбе ‘75

Чиангмай, Тайланд, варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai»

Манбаъ: https://varzishtv.tj

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE