Норасоии китобҳо дар Китобхонаи бачагонаи ноҳияи Рашт

Хазинаи Китобхонаи бачагонаи шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт аз 10 ҳазору 24 адад китоб иборат аст, ки аз ин шумора 8 ҳазору 548 нусхааш бо забони русию дигар забонҳои хориҷӣ ва ҳамагӣ 2 ҳазору 476 нусхаашро адабиётҳои тоҷикӣ ташкил додаанд. Ба маълумоти Маҳммадлоиқ Носиров китобдори Китобхонаи бачагонаи  мазкур, аксар хазинаи ин китобхонаро адабиёти аз даврони шуравӣ ба мерос монда ташкил дода, талаботи насли наврасро ба адабиётҳои бачагона наметавонанд қонеъ созад. Оммавият пайдо кардани озмуни ҷумҳуриявии   “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”,  имкон фароҳам овард, ки ҷалби ҷомеъа ба хосса наврасону ҷавонон ба китобхониву китобхона боз ҳам бештар гардад. Ба гуфта масъулини Китобхонаи бачагонаи шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт имрӯз онҳо наметавонанд дар доираи озмуни мазкур адабиётҳои тавсияшударо ба омӯзгорону наврасон пешниҳод намоянд

           Норасоии адабиётҳои бачагона дар саросари кишвар аз қабили ноҳияи Рашт дар ҳоле ба мушоҳида мерасад, ки чанде қабл  дар асоси Барномаи давлатии “Рушди муасисаҳои табъу нашр ва матбуот барои солҳои 2022 -2026“ бо харҷи маблағҳои буҷавӣ аз ҷониби нашриёти “Адиб” беш аз 20 номгӯи адабиёти бачагона ба табъ расиду муарифӣ гардид ва бояд ба ин муассисаҳои фарҳангии кишвар дастрас карда шаванд.Ба маълумотиРаҳмоналӣ Шералиев- сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг, бо иллати пешниҳод нагардидани чунин асарҳо аз ҷониби шоирону нависандагон онҳо маҷбур мешаванд, китобҳои бачагонаро бознашр намоянд.

      Бо назардошти муҳимияти ин масъала, масъулини вазорат,  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Раштро мебояд, дар ғановатманд намудани хазинаи ин боргоҳҳои маърифат аз худ бештар масъулият нишон диҳанд, то насли наврас ҳарчӣ бештар ба адабиёти тозанашри бачагона дастрасӣ пайдо намоянд.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE