Тақсимоти китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оилаи мамлакат оғоз мегардад

 16 ноябри соли 2020 дар назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо иштироки муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ҷаласаи кории комиссия ҷиҳати марҳила ба марҳила тақсим кардани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Абдуҷаббор Раҳмонзода зикр намуд, ки тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи мамлакат туҳфа карда шавад.

Интишори китоб бо пешгуфтори пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҶСП «Нашриёти муосир» бо сифати баланд, дар ҳаҷми 61 ҷузъи чопӣ оғоз шуд. То имрӯз аз ҷониби нашриёти мазкур китоби «Тоҷикон» бо теъдоди 15 ҳазор нусха ба нашр расидааст, ки дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзандаест.

Ёрдамчии Президенти мамлакат тазаккур дод, ки тақсимоти он аз ноҳияҳои Мурғоб ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шурӯъ мешавад. Дар рӯзҳои наздик ба ин ноҳияҳои дурдасти мамлакат корвони мошинҳо бо туҳфаи бебаҳои Роҳбари давлат раҳсипор хоҳад гардид.

Раисикунанда аз аъзои комиссия талаб намуд, ки туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар умум бо теъдоди 1 600 000 нусха ба табъ хоҳад расид, бо тартиби муқарраргардида бояд ба ҳар як оилаи ҷумҳурӣ дастрас карда шавад.

Абдуҷаббор Раҳмонзода бо боварӣ изҳор намуд, ки ҳар фарди худогоҳи мамлакат аз туҳфаи Роҳбари давлат ғизои маънавӣ гирифта, дониши худро дар шинохти таърихи миллати хеш боз ҳам амиқтар хоҳад намуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE