То охири моҳи октябр сохтмони хонаҳои зарардида дар минтақаҳои наздисарҳадии Исфара ба анҷом мерасанд

Дар минтақаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара айни замон корҳои бунёду барқарорсозии хонаҳои истиқоматии сокинон, ки дар натиҷаи муноқишаҳои марзӣ хароб гардида буданд, бо суръати баланд идома доранд. Масъулин ва ҳашарчиён тасмим гирифтаанд, ки то охири моҳи октябр сохтмони хонаҳоро ба анҷом расонанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара бо ҷараёни бунёди хонаҳои истиқоматии сокинон шинос шуда, зикр кард, ки мардуми тоҷик ҳамеша дар рӯзҳои зарурӣ дар канори ҳамдигар қарор дошта, мушкилоти пешомадаро дар ҳамбастагӣ ҳал мекунанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE