Пирӯзии мунтахаби футболи кишвар дар аввалин дидори марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023

Имрӯз, 8 июн дар шаҳри Бишкек марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дар гурӯҳи F оғоз гардид. Тими миллии Тоҷикистон нахустин бозии худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023  бо тими Мянмар баргузор карда, дар аввалин рақобати хеш бо ҳисоби калони 4 бар 0 пирӯзиро ба даст овард. Голи нахустинро дар рақобати мазкур Шервони Мабатшоев дар дақиқаи 9-ум кушода мунтахаби кишварро ба пеш баровард. Бо ҳамин қисми аввали дидор хотима ёфт. Дар оғози нимаи дуюми дидор аниқтараш дар дақиқаи 56-ум аз зарбаи пеналти Манучеҳр Ҷалилов ҳисоби дидорро 2 бар 0 кард. Бо гузашти ду дақиқа дар дақиқаи 58-ум Шервони Мабатшоев дублро ба номаш муҳр зада як қадами устувор ба пирӯзии навбатӣ гузошт. Голи 4-уми дидори мазкурро Эхсони Панҷшанбе дар дақиқаи 84-ум анҷом дода пирӯзии мунтахаби кишварро таъмин кард. Бо ҳамин мунтахаби футболи кишвар аввалин дидор хешро бо тими Мянмар бо ҳисоби 4 бар 0 ба анҷом расонид. Дидори навбатии мунтахаби футболи кишвар дар доираи рақобатҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо тими Сингапур рӯзи 11-уми июн сурат мегирад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE