Номинаи “Сарояндаи академӣ” дар Консерваторияи миллӣ баргузор гардид

Субҳи 16 октябр дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов номинаи “Сарояндаи академӣ”-и Бозиҳои байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ оғоз гардид.

Дар ин номина нахуст иштирокчиён аз синни 22 то 25 сола, аз Федератсияи Руссия, ҷумҳуриҳои Узбекистону Қазоқистон ҳунарнамоӣ намуданд.

Ҳакамони Бозиҳо Содиқ Нуррулоев (Раиси ҳакамон) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азамат Желтиргузов аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Галина Мухамедова аз Ҷумҳурии Узбекистон ба ҳунару маҳорати иштирокчиён баҳогузорӣ менамоянд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки иштирокчиёни Бозиҳо бо маҳорати баланди эҷодӣ баромад карда, санъату ҳунари кишвари хешро муаррифӣ менамоянд.

Дар ин ҷода ба иштирокчиён комёбиҳо таманно менамоем.

Манбаъ: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE