«Истиқлол» ва «Кӯктош» пас аз ғалаба ба финали Ҷоми Тоҷикистон -2022 роҳхат гирифтанд

Бозиҳои ҷавобии марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 2022 оид ба футбол  дар сатҳи баланд  баргузор шуданд. Дар ин бозиҳо  дастаҳои  футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бо   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар шаҳри Хуҷанд  ва  «Кӯктош»-и  ноҳияи  Рӯдакӣ бо  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар   дар ноҳияи Рӯдакӣ  рақобат  карданд.

Дар варзишгоҳи  «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд   ва   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бозӣ хеле ҷолиб доир шуд. Вохӯрии ин ду даста бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 як моҳ пеш — 15 сентябр  миёни дастаҳои футболи    «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бо ҳисоби 1 бар 0 ба нафъи дастаи     «Истиқлол»   дар  Варзишгоҳи марказии  шаҳри Ҳисор анҷом ёфта буд. Бинобар натиҷаи 2 бозӣ футболбозони  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

Бозии дигар  дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ миёни дастаҳои  футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ   ва «Хатлон»-и  шаҳри Бохтар  сурат гирифт.  Дар ин вохӯрӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 2 бар 1 зафар ёфтанд. Бозии аввали ин ду  даста  бидуни гол хотима ёфта буд.

Ҳамин тавр, дар финал дастаҳои  футболи «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе   ва  «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ  барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон 2022  миёни  ҳам  мубориза мебаранд. Вохӯрии ниҳоӣ 29  октябр дар варзишгоҳи  «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар доир мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE