Пешвои миллат ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба Остона мераванд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 октябр ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар хоҳад кард. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои «Овози тоҷик» иттилоъ доданд.

Ба зикри манбаъ, Сарвари давлат дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Аъзамшо Шарифӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ин нишаст ба ҷуз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел низ ширкат хоҳад кард. 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE