Ҳайати мақомоти гумруки Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд дар Корея иштирок намуд

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар Форуми сатҳи баланд, ки бо иштироки роҳбарони маъмурияти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ вобаста ба сиёсати содагардонии расмиёти савдо дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ доир гардид, иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар форум намояндагони сатҳи роҳбарикунандаи маъмурияти гумрук аз кишварҳои Гурҷистон, Муғулистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, инчунин  Бонки Осиёии Рушд ширкат намуданд.

Дар ҷараёни форум самтҳои афзалиятноки пешбурди фаъолияти гумрукӣ ва ба талаботу мушкилиҳои ҷаҳони муосир ҷавобгӯ будани мақомоти гумруки кишварҳои иштирокчӣ вобаста ба содагардонии расмиёти савдо, ки аз уҳдадориҳои давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии гумрук, Созишномаи содагардонии савдои Созмони ҷаҳонии савдо бармеояд, баррасӣ гардиданд.

Инчунин таҷрибаи пешқадами Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар самти роҳандозии гумруки рақамӣ, содагардонии расмиёти савдо ва истифодаи технологияи муосири  иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ки миёни кишварҳои рушдёфтаи ҷаҳон мавқеи намоён ишғол менамояд, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Форуми сатҳи баланд бо иштироки роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ 24 май оғоз ёфта, то 27 май идома меёбад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE