Эътимодномаи Сафири Тоҷикистон ба Президенти Индонезия

1 декабри соли 2022 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Индонезия бо қароргоҳ дар Малайзия Ардашер Қодирӣ ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо эътимодномаҳои худро супорид.

Сафир салому паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия расонида, таъкид намуд, ки Тоҷикистон омода аст ҷиҳати таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Индонезия иқдомҳоро роҳандозӣ намояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE