Ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба китобхонӣ дар шаҳри Норак

Имрӯзҳо дар маркази шаҳр ва деҳоти шаҳри Норак  як қасри фарҳанг ва 6 кулубу Маркази фарҳангӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 168 нафар мутахассисони соҳа ба мардум хизматрасонӣ менамоянд. Ба маълумоти Изатулло Алиев – мудири Бахши фарҳанги шаҳри мазкур, ин марказҳо фаъолияти худро дар асоси “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назарраси корӣ ноил гардидаанд. Тавре номбурда иброз намуд, ки оммавият пайдо кардани озмуни ҷумҳуриявии “ Фурӯғи субҳи донои китоб аст”,  имкон фароҳам овард, ки ҷалби ҷомеъа ба китобхониву китобхона боз ҳам бештар гардад. Дар соли ҷорӣ дар ин озмун 124 нафар аз ин шаҳр ширкат намуда, аз ин шумора 24 довталаб ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтаанд.

Имрӯз дар шаҳри Норак низ чун дигар муассисаҳои фарҳангии кишвар норасоии адабиёти бачагона ба мушоҳида расида, талаботи наврасон ба он хеле зиёд аст. Изатулло Алиев намояндаи мақомоти маҳал бар он назар аст, ки дар ҳамкори бо дигар ташкилоту идора ва соҳибкорони маҳал ояндаи наздик ин холигии китобхонаҳоро пурра хоҳанд гардонид.

Ҷалби наврасону ҷавонон ва ҷомеъа ба китобхоню китобхона ба фаъолияти Муассисаҳои фарҳангӣ аз қабили китобдорон вобастагӣ дошта, ба хотири боло бардоштани маърифати мардум аз ҷониби Шӯъбаи фарҳанги шаҳри Норак пайваста дар марказ ва маҳаллаву ҷамоатҳои деҳот чорабиниҳои фарҳангӣ доир карда мешаванд.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE