Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Финландия

1 декабри соли 2022 дар шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон дар ҳошияи иҷлоси 29-уми Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Финляндия Пекка Ҳаависто вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия, инчунин масъалаҳои марбут ба амнияти минтақвӣ ва обу иқлимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE