Идрис Ёров фаъолияташро дар Суперлигаи Россия оид ба футзал идома медиҳад

Узви дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ва бошгоҳи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Идрис Ёров ба ҳайати тими «Тюмен»-и Федератсияи Россия пайваст. Дар ин бора аз Лигаи футзали Тоҷикистон хабар доданд.

Идрис давоми 6 моҳи оянда дар Суперлигаи Россия шарафи дастаи «Тюмен»-ро ҳимоя хоҳад кард. Идрис Ёров танҳо пас аз 24 январи 2023- баъди кушода шудани равзанаи зимистонаи гузаришҳо дар Суперлигаи Россия метавонад дар ин даста ҳунарнамоӣ кунад.

Қаблан футзалбози тоҷик давоми ду ҳафта дар Россия аз санҷиши бошгоҳи «Тюмен» гузашта буд. Ба ақидаи иҷрокунандаи муваққатии вазифаи директори тими «Тюмен» Денис Харин, бо маҳорати воло нишон додани Идрис дар Суперлига қарордод тамдид карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Идрис Ёров аз соли 2018 инҷониб шарафи дастаи  «Соро компания»-ро ҳимоя мекард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE