Рақиби навбатии Лоиқ Раҷабов дар UFC маълум шуд

Размикори тоҷик  Лоиқ Раҷабов дар ташкилоти бонуфузи  UFC қувваозмоии дуюми  худро бар зидди размикори лаҳистонӣ – Матеуш Ребекӣ баргузор мекунад.

Мубориза 24 июн дар UFC on ABC 5 дар Ҷексонвилл (ИМА) баргузор мешавад.

Рақиби Лоиқ – Ребекӣ 17 ғалаба ва 1 мағлубият бо нокаут дорад. Худи Лоиқ Раҷабов бошад, дар ҳоли ҳозир  17 ғалаба, 4 бохт ва як мусовӣ дорад.

Лоиқ Раҷабов, размикори маъруфи тоҷик, ки дар набарди аввалаш дар UFC (Ultimate Fighting Championship) пирӯз шуда, ҳамчунин дар доираи мусобиқоти ин ташкилоти варзишӣ рекорд гузошт. Ӯ 11 партоби муваффақ (тейкдаун) анҷом дода буд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE