Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА се зина боло рафт

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) раддабандии нави дастаҳои мунтахаби миллиро нашр намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА се зина боло – аз 109-ум ба 106-ум баромад. Дастаи мо ҳоло 1195 хол дорад, ки ин назар ба рӯйхати қаблӣ 7,84 хол зиёд аст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт моҳи ноябр дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ду бозӣ анҷом дод – дар Душанбе бо дастаи Урдун мусовӣ (1:1) ва дар Исломобод бар мунтахаби Покистон (6:1) ғалаба намуд.

Байни дастаҳои Осиё дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ҷойи 19-ум қарор дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE