Соли 2023 Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 МВт ба истифода дода мешавад
Ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти барқ дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва афзоиш додани содироти он ба деҳоти наздисарҳадии давлати ҳамсояи Афғонистон ҳоло аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалисозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 МВт идома дошта, мувофиқи нақша дар шашмоҳаи аввали соли 2023 мавриди истифода қарор дода мешавад.
Бояд гуфт, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва кӯшишу заҳматҳои самарабахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки шабакаҳои барқии ҷануб ва шабакаҳои барқии шимоли кишвар тавассути хати интиқоли барқи 500 кВ пайваст гардида, амнияти энергетикӣ таъмин ва дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода шавад. Зимнан, Сарвари давлат борҳо хотиррасон намудаанд, ки дастрасӣ ба энергия дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ дошта, хусусан барои минтақаҳои кӯҳистон ба масъалаи муҳимтарини рӯз табдил ёфтааст.