Риояаи қоидаҳои беҳдоштӣ омили аслии муҳофизат аз сирроятёбӣ ба КОВИД-19 мебошад

Тибқи иттилои  Ситоди ҷумхуриявӣ оид ба пурзӯр намудани  тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти каронавирус Ковид-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар кишварҳои минтақа ва чаҳон  мавҷи дуюми ин беморӣ  хуруҷ  кардааст.Таҷрибаи дигар давлатҳо нишон додааст, ки баъди коҳиш ёфтани сатҳи гирифторшавӣ аҳолии ба ин беморӣ бино ба риоя нагардидани  қоидаҳои гигенияи шахсӣ ва ҷамъиятӣ инчунин бе ниқоби муҳофизати тиббӣ гашту гузор намудани одамон паҳншави сирояти каронавирус дар бисёри давлатҳо дубора ру ба авҷ аст.Ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии каронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ  ба муносибати соли нави мелодии  2021 манъ  карда шуд. Ҳамкорамон Умеда Холова мавзӯро пайгирӣ намудааст:

Ситоди ҷумхуриявӣ оид ба пурзӯр намудани  тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти каронавирус Ковид-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шахрвандони мамлакат мерасонад,ки қоидахои гигениаи шахсиву ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои мухофизатӣ аз хона набароянд ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба таври қатъи  фосилаи байни ҳамдигарро  ба андозаи якуним ду метр нигоҳ доранд. Хизматулло Шамсзода директории Муассисаи давлатии миллии тиббии «Шифобахш»мегӯяд  Асоси авҷгирии каронавирус ин аз беаҳмиятии одамон ру мезанад.Якчанд омилҳое ҳастанд, ки инро мо ҳатман иҷро намоем.Омили аввал ин бастани никоб фосилаи иҷтимоиро риоя кардан ҳатмӣ буда гигиенаи шахсиро риоя кардан аст, ки метавонад дар ин ҷода заминагузор бошад.

Ситоди ҷумхуриявӣ оид ба пурзӯр намудани  тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти каронавирус Ковид-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони  пойтахт даъват ба амал меорад, ки ба масъалаи истифодаи ниқоб маҳлулҳои антисептикӣ  аҳамияти ҷиддӣ дода фосилаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ хатман риоя намоянд.

Холова Умеда

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE