«ВАВИЛОН» ВА «ДИНАМО» ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ФУТЗАЛ БА ХОТИРАИ АЛЕКСАНДР КИРСАНОВ ШУДАНД

Дар рӯзи аввали Соли нав дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футзал, ки ба хотираи собиқ бозигари машҳури дастаҳои «Помир», «Вахш» ва «Ирригатор» Александр Кирсанов бахшида шудааст, ба охир расид. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

31-умин мусобиқаи анъанавӣ ба хотираи Александр Кирсанов миёнаҳои моҳи декабр оғоз шуда, 1 январ ба анҷом расид.

Дар мусобиқа миёни ҳаваскорон футзалбозони «Рахш-Такси» дар силсилаи пеналти дастаи «Динамо»-ро бо ҳисоби 3:2 (вақти асосӣ – 2:2) шикаст дода, медалҳои биринҷӣ ба даст овард.

Дар финал дастаҳои «Соро компания-2» ва «Вавилон» вохӯрданд. Вохӯрӣ бо пирӯзии «Вавилон» – 5:4 анҷом ёфт.

Дар мусобиқа миёни собиқадорон «Испечак» бар «Лазиз» бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, барандаи медали биринҷии мусобиқа гардид. Ва дар финал «Динамо» бар «Вавилон» ғалаба кард – 5:4.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи хотираи Александр Кирсанов ба ҷуз аз ҷом ва медалҳо ҷоизаҳои пулӣ супурда шуданд. Ба қаҳрамонҳо 5000 сомонӣ, барандагони медалҳои нуқра 3000 сомонӣ ва барандагони медалҳои биринҷӣ 2000 сомонӣ тақдим гардиданд.

Дар мусобиқаи ҳаваскорон Зулфиқор Раҳмонов («Соро компания-2») беҳтарин дарвозабон, Хуршед Маҳмудов («Вавилон») нишонзани беҳтарин ва Алишер Улмасов («Вавилон») беҳтарин бозигар дониста шуданд.

Дар мусобиқа миёни собиқадорон Шуҷоат Неъматов («Динамо») беҳтарин нишонзан ва Рустам Хоҷаев («Динамо») бозигари бехтарин эътироф шуданд.

Ҷоми Александр Кирсанов оид ба футзал

Мусобиқа миёни собиқадорон

Бозӣ барои ҷойи сеюм

«Лазиз» – «Испечак» – 2:3

Финал

«Динамо» – «Вавилон» – 5:4

Мусобиқа миёни ҳаваскорон

Бозӣ барои ҷойи сеюм

«Рахш-Такси» – «Динамо» – 2:2. Аз рӯи пеналти – 3:2

Финал

«Соро компания-2» – «Вавилон» – 4:5

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE