Аввали моҳи январ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оғоз мегардад

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамасола ду давраи омӯзиширо сипарӣ менамоянд, ки даври якуми он аввали моҳи январ оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи кишвар хабар доданд.

Даври дуюми соли хониши хизматчиёни ҳарбӣ аз моҳи июл то охири моҳи ноябр ҷараён мегирад. Дарсу машғулияти соҳавии ду даври таҳсилро онҳо ба таври назариявӣ ва ҳам амалан аз худ намуда, бо баргузории машқҳои тактикӣ, ҷамъомаду машғулияти амалии таълимӣ ва супоридани санҷиш аз фанҳои омӯзишии ихтисосиву касбӣ давраи пешбинигардидаи таълимиро ҷамъбаст менамоянд. Ба савияи донишу малакаи такмилдодаи ҳайати шахсӣ дар давраи ҷамъбастӣ аз ҷониби масъулини роҳбарикунандаи ҷузъу том ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ баҳо дода мешавад.

Таъкид гардид, ки афсарону сарбозони ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ вобаста ба ҳадафу таъйиноти ҳар навъи қӯшун, ки дарсу таълимашон аз ҳам тафовут доранд, машғулияти ин даври омӯзиширо тибқи вазифаҳои ҷангӣ аз худ намуда, сатҳи донишу малакаи касбии худро боз ҳам такмил медиҳанд.

Ҳайати шахсӣ дар ҳар давраи таълимӣ аввалан тамоми машғулияти фаннии пешбинигардидаро ба таври назариявӣ дар синфхонаҳои муҷаҳҳази таълимӣ аз худ намуда, сипас онро дар шаҳракҳои тактикиву оташфишонии қисму воҳидҳои низомӣ амалан такмилу тақвият мебахшад.

Пас аз омӯзиши ҳаматарафаи фанҳои тахассусӣ ва сайқал додани донишу маҳорати касбӣ, инчунин дар раванди таълим ҳайати шахсии сарбозони қисму воҳидҳои ҳарбӣ имкон дорад, ки тибқи таъйиноти навъҳои қӯшун ва аз рӯйи ихтисоси низомии хеш дар машқҳои тактикӣ ва калонмиқёси ҳарбӣ иштирок намуда, қобилияти касбӣ ва сатҳи тайёрии ҷангии худро баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ баланд бардорад.

АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE