Ёде аз мавлуди шодравон Шарифи Мисайзод собиқ корманди радиои “Садои Душанбе”

Шоир, рӯзноманигор ва ровии тоҷик, шодравон Шарифи Мисайзод 6 январи соли 1966 ба дунё омада, хатмкардаи бахши забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд.
Фаъолияти рӯзноманигории шодравон Шарифи Мисайзод ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта шуруъ гардида, ӯ аввал дар идораи «Ахбор» ва баъдан дар идораи барномаҳои сиёсии радиои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Бо ташкил гардидани Радиои «Садои Душанбе» то вопасин лаҳзаҳои умр фаъолияти рӯзноманигории худро дар ҳамин радио идома додааст. Шодравон Шарифи Мисайзод аз зумраи аввалин рӯзноманигоронест, ки гузоришҳои мустақимро аз ҷараёни воқеаву рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистон пешниҳоди шунавандагон гардонида, як мактаби бузургеро дар шакли нави гузоришҳо роҳандозӣ намудааст. Дар баробари фаъолияти рӯзноманигорӣ, ҳамчунин ӯ бо тахаллуси Шайдо низ шеър мегуфт.

Шарифи Мисайзод субҳи 16 июни соли 2016 дар синни 50 солагӣ аз олам чашм пушид. Имрӯз кормандони радиои “Садои Душанбе” шодравон Шарифи Мисайзодро ба некӣ ёд мекунанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE