Пешниҳоди беш аз 20 коркарди олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба истеҳсолот

Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 20 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд. Ин матлаб имрӯз дар маҷлиси умумии солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баён гардид.

Дар ҷаласа натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор гирифтанд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон неруи илмиро барои тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омӯзиши дастовардҳои илм ва техноло­гияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона карда, дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Бо мақсади баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии аспирантону магистрантҳои Академия соли 2022 бо иштироки кормандони муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои академияҳои соҳавӣ, магистрантҳою докторантҳо, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯёни онҳо машваратҳо ташкил карда шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба соҳаҳои мухталифи илм мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин дар ҷаласа иброз гардид, ки барои ҷилди аввали «Таърихи Тоҷикистони шӯравӣ», ки «Тоҷикистон дар солҳои 1917-1941» ном дорад, ҷамъоварии маводи илмию таҳлилӣ ва навиштани бахшҳои алоҳида идома дода шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа барои дастовардҳои назарраси илмӣ ба кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мукофотҳои вазорату идораҳо ва диплому ҷоизаҳои Академия барои олимони беҳтарин тақдим гардиданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE