Сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуд

25 марти соли 2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов мулоқот  кардааст.

Ба иттилои сомонаи ВКХ ҶТ зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба истифодаи имкониятҳои васеи равобити дӯстона миёни ду кишвар изҳори назар намуда, омодагии хешро вобаста ба ҷадвали мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олӣ, пешбурди фаъолияти дипломатияи иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои манфиатбахши муштарак иброз намуданд.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ баргузории чорабиниҳо дар ҳошияи мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, суҳбат дар фазои дӯстона баргузор шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE