Қазоқистон барои Тоҷикистон шабакаҳои алоқаи моҳвораӣ ташкил мекунад
ҶС «Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳонӣ»-и Қазоқистон бо ширкати тоҷикистонии ҶДММ «Нет Солюшенс» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Ҷонибҳо дар бораи ташкили шабакаи алоқаи моҳвораӣ ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути моҳвораи KazSat-3 ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» хабар медиҳад.
Созишномаро директори генералии ширкати «Нет Солюшенс» Бахтовар Абдусатторов ва муовини раиси ҶС «Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳон» Василий Леонов ба имзо расониданд.
МҶАК омода аст то соли 2023 иқтидори транспондерии киштии кайҳонии KazSat-3-ро, ки дар мавқеи мадори 58,5 дараҷаи тӯли шарқӣ ҷойгир аст, пешниҳод намояд.
«Системаи алоқаи моҳвораии «Kazsat» омода аст, ки на танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон, балки дар қаламрави давлатҳои ҳамсоя низ хизмати алоқаи кайҳонӣ расонад.
Дар ин замина бо Қирғизистону Узбекистон ва ҳоло бо Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.
«МҶАК ба нақша гирифтааст, ки минбаъд низ дар бозори байналмилалӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои расонидани алоқаи кайҳонӣ хизмат намояд», — гуфт муовини раиси ҶС «Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳонӣ» Василий Леонов.
Дар Қазоқистон системаи миллии моҳвораии алоқа ва радиошунавонии «Kazsat» мавҷуд аст, ки аз ду моҳвораи алоқа ва маҷмааи идоракунии рӯизаминии «Аккол» ва «Коктерек» иборат аст.