Дар вилояти Хатлон курсҳои ройгони ронандагӣ барои даъватшавандаҳо роҳандозӣ гардид
Дар вилояти Хатлон курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ бо мақсади ҷоннок намудани чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва мудофиавӣ, таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз ҳисоби даъватшавандаҳо бо мутахассисони касбӣ роҳандозӣ гардид. Дар ин бор аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи вилояти Хатлон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо интихоб ва пуррасозии сафи даъватшавандагонро дар курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ дар сохторҳои Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон на камтар аз 30%-и нақшаи даъвати баҳории соли 2023 амалӣ менамоянд. Маблағгузории ин курсҳо аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ таъмин карда мешавад.
Иқдоми мазкур бо қарори Раиси вилояти Хатлон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати баҳории соли 2023» амалӣ карда мешавад. Тибқи ин қарор, ҳамчунин Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки барои на камтар аз 5%-и шумораи умумии даъватшавандагон ба хизмати аскарӣ бояд курсҳои кутоҳмуддати ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшергар ва дигар ихтисосҳои барои Қувваҳои Мусаллаҳ зарурро гузаранд.