Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ашт
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, бунёди зиёда аз 12 ҳазор иншооти хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин раванд дар ноҳияи Ашт низ ба корҳои ободонӣ такони ҷиддӣ бахшида шуда, марҳила ба марҳила иншооти гуногунсоҳа сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ шинос гардид. Нахуст роҳбари вилоят дар Ҷамоати деҳоти Шодоба рафти бунёди корхонаи ҷӯроббофиро таҳти таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи мазкур аз тарафи ассотсиатсияи ҶДММ “Саноати Ашт” бо иқтидори истеҳсоли то 30 ҳазор ҷуфт ҷӯроб ба истифода дода шуда, барои ин то 200 адад дастгоҳ васлу насб карда мешавад. Арзиши лоиҳавии корхона беш аз 900 ҳазор доллари ИМА буда, тамоми раванди истеҳсолот мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир ба роҳ монда мешавад. Баробари мавриди баҳрабрадорӣ қарор гирифтани он то 150 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Бинои корхона аз сехҳои истеҳсолӣ, ҳуҷраҳои дӯзандагӣ, дарзмолкунӣ, борпеч ва басту банд, анбор, ошхона, ҳамом ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад. Раиси вилоят зимни шиносоӣ иқдоми мазкурро намунаи олии татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалҳо унвон карда, ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо ва дар мӯҳлатҳои муайяншуда ба истифода додани он дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҳамин мавзеъ бунёди боз як корхонаи истеҳсолии ресандагӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонии он оғоз ёфтааст. Корхонаи саноатӣ бо харҷи 6 миллион доллари ИМА бунёд ёфта, иқтидори истеҳсоли 15 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз мебошад. Бояд тазаккур дод, ки ноҳияи Ашт яке аз минтақаҳои кишоварзии вилоят ба ҳисоб рафта, самти асосии кишоварзони ноҳия ин пахтакорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамакнун тамоми пахтае, ки дар ноҳия истеҳсол мегардад, дар худи ноҳия мавриди коркард қарор гирифта, дар оянда то ба коркарди ниҳоӣ расонида мешавад. Ҳамаи ин иқдом дар доираи ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар рӯи даст гирифта шуда, ҳадаф то ба коркарди ниҳоӣ расонидани пахта, бо ҷои кори таъмин намудани шаҳрвандон ва ба ин васила боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ба ҳисоб меравад.
Дар ноҳияи Ашт Раиси вилоят ҳамзамон корҳои таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкаширо мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар ноҳия зиёда аз 30 адад пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, барои мавсими нави обёри омодагӣ дар ҳамаи онҳо ба роҳ монда шудааст. Аз 147 дастгоҳи обкашии мавҷуда таъмири 80 адади он ба нақша гирифта шуда, имрӯзҳо кор дар ин самт босуръат ҷараён дорад. Раиси вилоят зимнан ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо ва омодагии саривақтӣ ба мавсими киштукор масъулинро муваззаф намуд. Таъкид гардид, ки омили муҳими фаровонҳосилӣ ин таъмини саривақтӣ бо оби полезӣ ба ҳисоб меравад. Дар ноҳияи Ашт тавассути пойгоҳҳои обкашӣ беш аз 18 ҳазор гектар замин обёрӣ гардида, давоми соли 2022 ба кишоварзон ба маблағи умумии 4 миллион сомонӣ обрасонӣ карда шудааст.