Ширкати «Сомон Эйр» парвозҳоро ба Теҳрон оғоз менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро ба пойтахти Эрон- шаҳри Теҳрон ба роҳ мемонад. Интизор меравад, ки парвози нахустин дар ин самт 31 январ анҷом дода шавад. Дар ин бора дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Тибқи хабари манбаъ, вақти парвоз аз Душанбе соати 17:30, аз Теҳрон — 20:20 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Дар асоси ҷадвали муқарраршуда, аз 10 феврал парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон мунтазам ҳафтае як маротиба рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешаванд. Парвоз аз Душанбе соати 14:30, аз Теҳрон соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ муайян карда шудааст. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Теҳрон 2 соату 50 дақиқа, дар самти баргашт 2 соату 20 дақиқаро ташкил медиҳад. Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 анҷом дода мешаванд.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз соли 2008 дар бозори байналмилалии интиқоли ҳавоӣ муваффақона фаъолият намуда, узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои навъи Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст. Ширкат ба тавсеаи шабакаи парвозҳо ва афзоиши ҳавопаймоҳои худ нигаронида шуда, дар айни замон аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.
АКС: «Сомон Эйр»