Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Узбекистон мераванд

Бо даъвати Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии дурӯза ба Узбекистон мераванд.

Рӯзномаи мулоқоти роҳбарони ду кишвари бародар масъалаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистон, густариши ҳамкории амалӣ дар самтҳои афзалиятноки ҳамкории мутақобилан судмандро дар бар мегирад.

Таваҷҷуҳи махсус ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту логистика, энергетика ва дигар бахшҳо, инчунин идома додани робитаҳои анъанавии наздики байниминтақавӣ ва табодули фарҳангию гуманитарӣ зоҳир карда мешавад.

Дар назар аст, ки сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба рӯзномаи кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намоянд.

Доир ба натиҷаҳои нишаст баимзорасонии бастаи санадҳои дуҷониба дар назар аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE