Таҷрибаомӯзии донишҷӯён мушкилии норасоии омӯзгоронро аз байн мебарад

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ нақша дорад, ки тавассути сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар муссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ норасоии омӯзгоронро аз байн бардорад. Ин матлаб имрӯз зимни вохӯрии ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо 883 таҷрибаомӯз баён гардид, иттилоъ доданд аз донишгоҳи мазкур.

Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки маҳз таҷрибаомӯзӣ донишҷӯро бо рисолати муқаддаси омӯзгорӣ шинос месозад. Ин имкон медиҳад, ки малакаву маҳорат ва донишҳои андӯхтаашро такмил дода, худро ҳамчун мутахассиси ҷавони дорои хислатҳои баланди ахлоқӣ, ба хонандагон меҳрубон ва нисбат ба касби худ садоқатманд муаррифӣ намояд.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки давра ба давра сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар муссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ имкон медиҳад, ки норасоии омӯзгорон аз байн бардошта шавад.

Дар ин замина аз мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ва директорону масъулини таҷрибаомӯзӣ хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати назорати таҷрибаомӯзон ҳамкориро бо донишгоҳ мустаҳкам намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 январи соли 2023 баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар сатҳи мутобиқ ба талаботи муосир тайёр намудани омӯзгорон ва ба ин восита пурра бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор тавассути пешниҳоди имтиёзҳо, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳо, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ тадбирҳои қатъӣ андешад.

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 арҷу эҳтиромро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон карда, иброз доштанд, ки «…агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Акс: ДДОТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE