Заминларзаи шадид дар Туркия ва Сурия боиси марги садҳо нафар шуд

Тибқи иттилои охирин дар паи заминҷунбии шадид дар наздикии сарҳади Сурия бо Туркия 237 нафар танҳо дар Сурия ба ҳалокат расидааст. Дар ин хусус вазорати тандурустии ин кишвар хабар додааст. Аз  ин пештар иттилоъ дода шуда буд, ки бар асари заминларзаи шадид дар ҷанубу шарқи Туркия ҳудуди 140 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ 237 нафар дар Сурия ва 76 нафар дар Туркия бар асари ин ҳодисаи табиӣ қурбон шудаанд. Эҳтимол теъдоди қурбониён афзоиш ёбад. Хабар дода шудааст, ки беш аз 440 нафар дар Туркия ва 200 нафар дар Сурия ҷароҳат бардоштаанд. Дар маркази заминларза ҷунбиши замин ба 7,8 дараҷаи Рихтер баробар шудааст, ки ҳатто дар Қоҳира эҳсос шудааст.  Ба гуфтаи губернатори вилояти Малатияи Туркия Ҳулуси Шаҳин, дар натиҷаи заминҷунбӣ 130 бино, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ фурӯ рехтаанд. Бар асари заминларза лӯлаи газ дар шаҳри Қаҳрамонмараш таркидааст. Дар шимолу ғарби Сурия, мухолифони дифоъи шаҳрвандии Сурия вазъ дар минтақаи таҳти назорати шӯришиёнро “фалокатбор” хонда, афзуданд, ки биноҳо зери харобазорҳо фурӯ рехта ва бемористонҳо аз захмиён пур шудаанд.  Фурӯпошии биноҳо ва тақрибан 200 қурбонӣ – дар Ҳалаб, Ҳама ва Латакияи Сурия ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҷунбиши замин дар Димишқ ва Бейрут низ эҳсос шудааст, мардум дар воҳима ба кӯчаҳо давиданд. Ба гуфтаи мақомот, ин қавитарин заминларза аз соли 1999 аст, ки он замон ҳудуди 18 ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд.

Мижгонаи Насриддин

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE