Дар Пекин акнун метроро бо изи ангуштатон истифода бурдан мумкин аст

Мусофирон акнун метавонанд бо изи ангуштатонашон сабти ном кунанд ва онро ба системаи пардохти WeChat Pay пайваст кунанд, ки ба онҳо имкон медиҳад бидуни корт ва телефон ба метро ворид шаванд ва пас аз скан кардани изи ангушт маблағи роҳкиро ба таври худкор аз суратҳисоби онҳо ситонида мешавад.

Чунин сканкунӣ метавонад оҳиста-оҳиста дар идораҳо, мактабҳо, толорҳои варзишӣ ва тарабхонаҳо ҷорӣ карда шавад. Зеро он тамосро талаб намекунад ва бехатартар ҳисобида мешавад. Тахмин меравад, ки ин усул барои пиронсолон қулай буда, инчунин ба онҳое, ки пул ё кортро дар хона фаромӯш кардаанд, кӯмак хоҳад кард.

манбаъ: Овози Самарқанд

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE