Дар вилояти Суғд бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам бунёди токзори нав идома дорад
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва роҳбари хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» Маҳмадамин Камолов мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки дар вилояти Суғд барои ташкили токзор бо истифода аз таҷрибаи ангурпарварони шаҳри Турсунзода ҷараён дошта, то имрӯз 150 гектар токзори нав бунёд гардидааст. Соли равон бошад дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят то 500 гектар чунин токзор бунёд гардида, таҷрибаи пешқадам ва навигариҳои замони муосир истифода бурда хоҳад шуд.
Дар мулоқот тазаккур дода шуд, ки ангурпарварони шаҳри Турсунзода барои ҳамкорӣ бо кишоварзони вилоят омода буда, дар бунёди токзори нав саҳми худро хоҳанд гузошт. Маълумот дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода яке аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзӣ буда, дар самти бунёди токзор таҷрибаи бой дорад. Хоҷагӣ дорои 500 гектар токзор буда, навъҳои беҳтарини ангур дар он истеҳсол ва содирот карда мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки дар вилояти Суғд беш аз 11 ҳазор токзори наву анъанавӣ мавҷуд буда, дар соли 2022 деҳқонон 60 ҳазор тонна ангур истеҳсол намуданд.