3 тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ фаромад, ки паҳноии яке аз онҳо зиёда аз 400 метр ва баландиаш 9 метр мебошад

Ширкати “IRS” хабар медиҳад: “Дар километрҳои 63 ва 65 – уми роҳи Душанбе – Чаноқ (минтақаи Варзоб) 3 тарма фаромад, ки паҳноии яке аз онҳо зиёда аз 400 метр ва баландиаш 9 метр мебошад.
Тавре иттилоъ дода будем, каме пештар дар километри 47 – ум тармаи калон фаромада, маҷрои дарёро баст.
Қобили зикр аст, ки бартарафсозии тармаҳо шабонарӯзӣ роҳандозӣ шуда, фақат дар минтақаи Варзоб 17 техника, аз ҷумла булдозер ба ин кор сафарбар шудааст.
Ҳоло роҳ баста буда, дар баробари бориши пуршиддати барф, тармафароӣ низ хеле зиёд аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE