Ҳайати Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар доираи Конфронси сатҳи баланди давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист ва об» 23 феврал мулоқоти намондагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд дар Вазорати кишоварзии мамлакат.
Дар мулоқот сатҳи ҳамкории имрӯза ва дурнамои густариши муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи кишоварзӣ, зарурати таҳия ва татбиқи барномаҳои муштаракаи ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими имконияти истеҳсолӣ ва содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот доир ба бунёди марказҳои логистикӣ, дастгирии хоҷагиҳои фермерӣ, рушди обёрӣ, табодули таҷрибаи кишоварзон ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 22-24 феврал дар шаҳри Рими Италия Конфронси сатҳи баланди давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист ва об» доир шуд, ки дар кори он намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.