Дар Хуҷанд беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу буттаҳои ороишӣ ба фурӯш гузошта шуд

Дар шаҳри Хуҷанд намоиш- фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироати кишоварзӣ баргузор гардид, ки дар он кишоварзони 14 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, ҳамешасабзу ороишӣ ва гулу буттаҳоро пешкаши харидорон намуданд.

Ин иқдом бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти вилояти Суғд доир карда шуда, мақсад аз он муташаккилона гузаронидани маъракаи сабзазоркуниву ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад.

Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 890 гектар боғу токзори нав бунёд гардид.

Илова бар ин, соли сипаригашта ба ҷои 570 гектар нақшаи барқароркунии боғу токзори куҳна, 970 гектар корҳои барқароркунӣ гузаронида шуд, ки иҷрои нақша ба 170 фоиз ё 400 гектар зиёд мебошад.


Дар вилоят бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ низ вусъат меёбад. Дар 5 соли охир дар вилоят 286 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст.

Зикр гардид, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бунёди 9 ҳазору 600 гектар боғу токзори замонавӣ, инчунин 1 ҳазору 640 гектар ниҳолхона барои омода кардани ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва 390 гектар ниҳолхона барои омодасозии ниҳоли дарахтони ороишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон ниҳолпарварони вилояти Суғд зиёда аз як миллион ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ток истеҳсол намуданд ва ин миқдор талаботро барои бунёду барқароркунии боғҳо таъмин менамояд.


Дар чорабинии имрӯза бобати шиносоии иштирокчиёни ярмарка бо усулҳои ташкили мубориза бар зидди ҳашароти зараррасону касалиҳо, шинонидан ва башаклдарории дарахтон нуқтаҳои маслиҳатдиҳӣ ташкил гардида, ба сокинон тавсияҳои судманд дода шуд.

Намоиш-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироати кишоварзӣ дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд то 26 феврали соли равон идома меёбад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE