Клуби марказии варзишии Артиш бори аввал ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд

Клуби марказии варзишии Артиш (КМВА) дар бозии ниҳоӣ бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард. Дар ин хусус дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Голҳои Хуршед Абдуллоев ва Сӯҳроб Каримов ба дастаи артиш пирӯзӣ оварданд.
Дар рақобат барои ҷойи сеюм дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бар дастаи «Панҷшер» дар силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:4 (вақти асосӣ 0:0) ғолиб шуд.

Хуршед-Тимур Ҷӯраев, нимҳимоятгари Клуби марказии варзишии Артиш беҳтарин бозигари финали Ҷоми Федератсия-2023 дониста шуд.

Ғолиби Ҷоми ФФТ-2023 – дастаи Клуби марказии варзишии Артиш ҳамзамон бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Ба барандаи медали нуқра «Регар-ТадАЗ» 30 ҳазор сомонӣ ва ба барандаи медалҳои биринҷӣ «Равшан»-и Кӯлоб 20 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE