Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Баҳрайн сафар намуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон барои вохӯриҳои дӯстона бо ҳамсолони худ аз Баҳрайн, ки 3-6 сентябр баргузор мешаванд, 1 сентябр ба шаҳри Манама сафар кард.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тавассути хатсайри Дубай ба Манама рафт. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23 бозингар — 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомил буданд. Инчунин ба ҳайати даста ду легионер — нимҳимоятгари «Навбаҳор»-и Узбекистон Эҳсони Панҷшанбе ва ҳамлагар Шаҳром Самиев аз «Торпедо-БелАЗ»-и Беларус даъват карда шуданд.
Бозиҳои дӯстонаи дарпешистода яке аз марҳилаҳои омодагии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мебошанд, ки аз 25 то 31 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Лубнон ва Непал бозӣ хоҳад кард.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) барои бозиҳои дӯстона бо дастаи миллии Баҳрайн:
Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Куктош»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);
Дифоъгарон: Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Муҳаммад Саломзода («Кӯктош»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»), Муҳаммаҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду – «Хатлон»), Шоҳрух Сангов («Файзканд»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Исроил Холов («Регар-ТадАЗ»);
Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Кароматулло Саидов, Абдулмумин Забиров, Далер Ёдгоров (ҳарду – «Хуҷанд»), Сорбон Авғонов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА), Хуршед Абдуллоев («Душанбе»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шуҳрат Элмуродов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлаварон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.