АЗ 7-УМ ТО 15-УМИ ДЕКАБР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
Аз 7 то 15 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани даври ниҳоии озмуни мазкур, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад, дар Китобхонаи миллӣ 5 толори махсус барои ҳар як наминатсия омода карда шудааст.
Ҳар як номинатсия бо адабиёти зарурӣ таъмин карда шуда, барои ҳар номинатсия 15 нафар роҳбаладон аз ҳисоби кормандони Китобхона ҷудо гардида, ҳар толор ба таври махсус вобаста ба наминатсияи озмун ороиш дода шудааст.
Дар даври ҷамъбастии озмун 267 нафарро аз рӯи 5 номинатсия ташкил медиҳад, ки аз ин:
-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик 67 нафар;
-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик 62 нафар;
-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик 54 нафар;
-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон 61 нафар;
-дар номинатсияи шоирӣ 23 нафар мебошанд.
Маҳорати иштирокчиёни озмунро аз рӯи ҳар номинатсия 7 нафар аъзои ҳакамон аз ҳисоби олимон, адибон ва устодони шинохтаи мамлакат баҳогузорӣ мекунанд.
Дар озмун нахуст иштирокчиёни вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон, баъдан иштирокчиёни ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ва дар охир довталабони шаҳри Душанбе шунида мешаванд.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти эпидемиологӣ аз тарафи Китобхонаи миллии Тоҷикистон тамоми чораҳои беҳдоштӣ ҳангоми баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» андешида шудаанд. Ҷараёни озмун аз тарафи 5 шабакаи телевизиони мамлакат- «Тоҷикистон», «ТВ Баҳористон», «Сафина», «Синамо» ва «Душанбе-HD» сабт ва ба таври фаврӣ шакли пурраи он намоиш дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян шудааст. Ба ҷуз мукофотҳои пулӣ тамоми иштирокчиёни даври ниҳоии озмун бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
АМИТ “ХОВАР”