Пардохтҳои ғайринақдӣ наздик ба як баробар афзуд: таваҷҷуҳи ҷомеа ё таъсири COVID-19
Бо густариши бемории сироятии COVID-19 дар ҷаҳон ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аҳамияти бештар касб намуд. Ин ҳолат яке аз омилҳое гардид, ки дар кишварҳои гуногуни олам ҳиссаи муомилоти пулӣ аз тариқи ғайринақдӣ афзоиш ёбад. Мушоҳидон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон ҳам муомилоти ғайрнақдии пул такони тоза хӯрд. Дар моҳҳои январ – октябри соли ҷорӣ бошад, бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ дар ҳаҷми 1 миллиарду 435,1 миллион сомонӣ амалиётҳои ғайринақдӣ гузаронида шуд, ки ин 8,1 фоизи тамоми амалиётҳоро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки соли 2019 ин омор ба 871,9 миллион сомонӣ баробар буд.
Ҳанӯз дар давраҳои аввали хуруҷи бемории сироятии COVID-19 Cозмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсия дода буд, ки истифодаи муомилоти пули нақд кам гардида, бояд алтернативаи он, муомилоти ғайринақдӣ ва фосилавии пул бо истифода аз технологияи ҷадид рушд дода шавад. Ба эътимоди мутахассисони ин Созмон гардиши пули қоғазӣ ва филизӣ метавонад як манбаи паҳн сохтани бемориҳои сироятӣ бошад. Ҳамзамон инкишоф додани инфросохтори гардиши пулӣ ғайринақдӣ ва тиҷорати электронӣ аз тамаҷуи одамон дар марказҳои савдо ва дигар маконҳои тиҷоратию хизматрасонӣ пешгирӣ менамояд. Масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, дар партави тавсияҳои СҶТ ба тамоми ниҳодҳои дахлдор супориш ва машваратҳои зарурӣ дода буд. Ба гуфтаи Фурқат Раҳмат аз кормандони Бонки миллӣ дар ин замина бонк ва ташкилотҳои қарзӣ дар доираи имконоташон чораҳои заруриро амалӣ карданд.
“Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дақиқ карда буданд, ки вируси мазкур дар рӯйи ашёи қоғазӣ то чор шабонарӯз боқӣ монанд. Бо ин мақсад ин созмон кам намудани истифодаи пули нақдро тавсия дода буд. Бино бар ин Бонки миллӣ Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ чора андешида истиодаанд, ки шаҳрвандон бештар аз тарзҳои ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои мобилӣ, интернет-банкинг ва мол ва хизматрасониҳоро анҷом диҳанд. Инчунин ташкилотҳои қарзӣ вазифадор шудаанд, ки барои коҳиш додани тамосҳои ҷисмонӣ ҳангоми пардохт бо пули нақд мизоҷонро ҳавасманд намоянд”- мегӯяд Фурқат Раҳматов.
Баргардодони қисмате аз пули пардохтшуда (кеш-бек), додани бонусҳо, баргузории бозиҳои бурднок, паст ё бекор кардани комиссияи интиқоли пул аз ҷумлаи имтиёзҳое ба ҳисоб мераванд, ки барои афзоиши ҳиссаи муомилоти ғайринақдӣ равона шудааст. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз барои ба таври қонеъкунанда тавсеа ёфтани ин самт инфросохтори ташаккулнаёфта ва маърифати молиявию технологии ҷомеа монеъ мешавад.
Гузориши савтиро ин ҷо бишнавед:
Масъулин мегӯянд, ки дар давоми камтар аз як соли идомаи пандемия то ҳадде таваҷҷуҳи ҷомеа ба истифодаи абзорҳои гардиши ғайринақдии маблағ афзуда, тиҷорати электронӣ, таҳвили молу маҳсулот тибқи фармоиш, интиқолу қабул маблағ аз дохилу хориҷи кишвар ба воситаи ҳамёнҳои мобилии бонку ташкилотҳои ватанӣ, пардохтҳо молу хизматрасонӣ аз тариқи замимаҳои мобилӣ ва QR-код рушд намудаанд. Ба назари Фурқат Раҳматов, корманди БМ дар аз як сӯ шароити мавҷуд, аз сӯйи дигар муқаррар кардани имтиёзҳо барои ҳавасмандгардонии муштариён ва корҳои таблиғотӣ боиси афзудани таваҷҷуҳи ҷомеа гардид.
Яке аз тавсияҳои Бонки миллӣ дар марҳилаи аввали хуруҷ COVID-19 риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ ҳангоми сару кор бо пулӣ нақд буд. Соҳибназар Зоиров, эпидемиологи тоҷик дар суҳбат бо мо гуфт исбот шудааст, ки муомилоти пули қоғазӣ дар воқеъ яке аз василаҳои паҳн гаштани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вирусҳо мебошанд. Аммо ҷомеа ба ин чандон таваҷҷуҳ надоранд. Соҳибназар Зоиров, эпидемиологи тоҷик дар идомаи андешаҳояш дар баробари риояи қоидаҳои санитарию гиегение, ки барои пешгирӣ аз сиротияти COVID-19 ҳангоми муносибат бо пул тавсия шудаанд, корбарии василаҳои муосири интиқолу қабули электрониро муҳим мешуморад.
Соҳибназар Зоиров мепиндорад, ки бо тавсеаи додани низоми электронию оналайнӣ чораҳои санитарӣ ба таври табиӣ иҷро мешаванд: “Сирояти ҳама гуна беморӣ аз беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ сар мезанад. Пул ҳам метавонад як манбаи бемориҳои сироятӣ бошад, зеро он дар гардиш аз даст ба даст мегузарад. Аксар истифодабарандагони пули нақд, ки пас аз истифодаи он дастони худро безарар гардонанд. Гузашта аз ин пули қоғазӣ коркард ва безарар карда намешавад. То ҳол ҳеҷ омор вуҷуд надорад, ки Коронавирус ё дигар бемориҳои сироятӣ ба воситаи пул гузашта бошанд. Чун инро дақиқ кардан бисёр душвор аст. Ҳарчанд риояи тавсияҳо ин хатарро аз байн мебарад, вале истифодаи василаҳои ғайринақдӣ аз ҳар ҷиҳат, аз ҷумла дар самти пешгирии мебориҳои сироятӣ афзалият дорад”.
Алиф бонк аз нахустин ташкилотҳои қарзӣ буд, ки пас аз тавсияи СҶТ барои рушди муомилоти ғайринақдӣ корҳои тарғиботиро оғоз кард. Ин бонк василаҳои зиёдеро дар заминаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ пешкаш намуда, баъзе аз имтиёзҳоро ҷорӣ намуд. Абдулло Қурбонов, раиси ин Бонк мегӯяд, натиҷа нишон медиҳад, ки то рафт таваҷҷуҳ ба шакли нави муомилоти пулӣ бештар мешавад. Аммо ӯ мушкил аслиро дар арзиши гарони интернет мебинад, ки монеаи истифодаи ҳамёнҳои электронӣ мешавад. Ҳамзамон ин коршинос корбурди QR кодро василаи камхарҷ ва муносиб ба бехатарии санитарӣ арзёбӣ мекунад.
“Аслитарин мушкилот гаронии арзиши интернет аст, ки ба истифодаи доимӣ ва оммавии василаҳои пардохти ғайринақдӣ монеа мешавад. Масъалаи дигар қиммати постерминалҳо мебошад, ки аксари соҳибкорон наметавонанд, дастрас намоянд. Беҳтар мебуд соҳибкорон бо харҷи ба маротиб кам доираи истифода QR- рамз ё кодро истифода кунанд. Нуктаи умедворкунанда ин аст, ки аксари аҳолии кишвар ҷавонанд ва ба корбарии технология муосир унс мегиранд. Ин ҳам нақши хубро мебозад”- иброз медорад, Абдулло Қурбонов.
Мушатриён аз набуди пос-терминалҳо дар бисёре аз нуктаҳои савдо ва дигар маконҳои хизматрасонӣ шикоят мекунанд. Ҳарчанд роҳандозии низоми пардохт бо усули QR-код дар фурӯшгоҳҳо харҷи каму мушаххасоти техникии зиёд надорад. Маъмулан, ниҳодҳои масъул аз соҳибкорон насби пос-терминалҳоро тақозо мекунанд, ки арзиши гарон дорад. Аммо ин сабаби асосии баҳонаҷӯии аксари соҳибкорон аз роҳандозии шакли ғайрнақдии ҳисоббаробаркунӣ арзёбӣ намешавад. Мушоҳилон аз БМ ва Кумитаи андоз мегӯянд, ки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ фаъолияти соҳибкоронро шаффоф намуда, гурези онҳоро пардохти андоз ва дигар даромадҳои пиҳонӣ ғайриимкон мегардонад. Ба ин далел соҳибкоронро ҳавасмандии чандон зоҳир мекунанд.
Бо он ки идао мешавад, ки инфросохтори ҷорӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳо ғайринақдӣ на дар ҳама самту соҳаҳо ба талабот ҷавобгуст, коршиносони иқтисоддон маърифати молиявии ҷомеа ва дарки бартариятҳои ин усулро яке аз василаҳои таъсирбахш медоданд. Далер Меганов, таҳлилгари соҳаи бонкдорӣ корҳои таблиғотӣ ва шароит фароҳам овардан ба муштариёнро муҳим мешуморад: “Як омили аслӣ ба назарам пурра дарк накардани моҳияту манфиати кортҳои пардохтӣ ва дигар воситаҳои марбута аз тарафи ҷомеа аст. Агар ҳама мутмаин бошанд, ки дар аксар фурӯшгоҳу нуктаҳои хизматрасонӣ ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ имкон дорад, пас онҳо хеле кам пулҳои худ дар терминалҳо нақд мекунанд. Бинобар ин аз сӯй шароит фароҳам бояд сохт, аз тарафи дигар бартариятҳои пардохтҳои ғайрнақдиро тарғиб кард.”
Тавсеа бахшидани низоми ғайринақдии муомилоти пулӣ яке аз барномаҳои ҳукумати кишвар дар самти сиёсати пулию қарзӣ буда, бо ин мақсад аз 31-уми декабри соли 2014 қарори Ҳукумати ҶТ ҳам содир гардидааст. Дар зимн, бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ корҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ, интернетбанкингҳоро роҳандозӣ карда, имкон фароҳам омад, то бисёре аз хизматрасониҳо ғайринақдӣ ва бо шаклҳои фосилавӣ пардохт шаванд.
Фирдавси Низом
радиои “Тоҷикистон”