Заминларзаи субҳи 1-уми апрел бидуни талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар

Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии назди АМИТ субҳои рӯзи 1-уми апрели соли равон соати 05:17 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маркази ин заминларза 132 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 51 километр шимолу шарқ дар қаламрави ноҳияи Рашт буд.

Бино ба иттилои манбаъ қувваи заминларза дар маркази он 3 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE