Даргириҳо дар Судон
Дар паи бархурди низомиёни артиши Судон ва нерӯҳои мухолифи ин кишвар садҳо нафар аз аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, садҳо тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Аммо дар ҳамин ҳол ҳам тарафҳо то ҳол ба хотири музокирот кореро анҷом надодааст. Зимнан Шурои Амнияти СММ ҷонибҳои даргирро ба музокирот даъват кардааст, то аз талафоти бештар пешгирӣ шавад. Шумораи ҳалокшудагон дар паи даргириҳо дар Судон ба садҳо нафар баробар шудааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон доштааст, ки дар баъзе бемористонҳо маводи муҳим барои муолиҷаи маҷруҳон – хун, таҷҳизоти интиқол, дору ва ғайра намерасад. Тавре агентии Рейтерс иттилоъ додааст, теъдоди кушташудагон дар даргириҳо дар Судон ба ҳудуди 100 нафар расидааст. Ба иттилои манбаъ, айни замон дар бархе манотиқи Судон даргирӣ миёни артиш ва нерӯҳои вокуниши сареҳ идома доранд. Нерӯҳои мухолиф дар Судон дар бораи муваффақиятҳои низомӣ ва назорати иншоот мубодилаи изҳороти зиддунақиз мекунанд, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанги густурдаи иттилоотиро роҳандозӣ кардаанд, навиштааст РИА “Новости”. Таъкид гардидаст, ки вазъият дар кишвар дар ҳоли ташаннуҷ қарор дорад, аммо ҳеҷ яке аз ҷонибҳо омодагии худро ба гуфтушунид ва қатъи амалиёти ҷангӣ нишон намедиҳад, ҳарчанд онҳо барои кушодани долонҳои башардӯстона розӣ шуданд. Дар зимн гуфта мешавад, ки Миср метавонад ба қазия дахолат карда, аз артиши Судон ҷонибдорӣ кунад, чун чанд сарбози мисриро нерӯҳои вокуниши сареҳ гаравгон гирифтаанд. Бино ба иттилои созмони табибони Судон дар пайи даргириҳо дар Хартум, пойтахти ин кишвар дасти кам 56 ғайринизомӣ кушта шудааст. Гуфта мешавад, ки дар задухӯрдҳои байни низомиёни мухолифи ҳукумати кунунӣ ва артиш тақрибан 600 нафар маҷрӯҳ шуданд. Шумори низомиёни кушташуда маълум нест. “Нерӯҳои ҳимояти зудрас” эълон кард, ки артиш ба пойгоҳҳои низомӣ дар шаҳри Хартум зарба задааст. Артиши Судон ин иддаоро рад кард. Ба гуфтаи сокинон дар пойтахт ва атрофи шаҳр садои тиру туп шунида мешавад. Сарфармондеҳи артиши Судон, генерал Абдулфаттоҳ Ал-Бурҳон дар сӯҳбат бо телевизионии “Ал-Ҷазира” гуфтааст, ки омода аст бо Нерӯҳои мухолиф музокирот кунад, аммо афзуд, агар онҳо силоҳи худро насупоранд, аз минатқаҳои дигар ҳам ба пойтахт нерӯ ворид хоҳанд кард. Ширкати ҳавоии Saudia хабар додааст, ки дар тирборони фурудгоҳи Хартум як ҳавопаймои онҳо ҳам осеб дидааст. Ҳоло бисёре аз ширкатҳо парвози ҳавопаймоҳои худ ба Хартумро манъ кардаанд. Шӯрои Амнияти СММ ахиран аз ҷонибҳо дар Судон даъват кард, ки амалиёти ҷангиро фавран бас кунанд ва ба муколама баргарданд. Шиддати вазъ аз он оғоз гардид, 13 апрел, шабакаҳои телевизионии арабӣ гузориш доданд, ки нерӯҳои вокуниши сареҳи Судон воҳидҳои худро дар шаҳри Меров дар шимоли кишвар ҷойгир кардааст ва артиши кишвар талаб кардааст, ки он ҷоро тарк кунанд. Артиши Судон бо нашри изҳорот нерӯҳои вокуниши сареҳро дар он айбдор намуд, ки ғайриқонунӣ ва бидуни ҳамоҳангӣ воҳидҳояшро дар шаҳри Хартуму як қатор шаҳру навоҳии дигар ҷойгир кардааст. Дар натиҷа рӯзи 15 апрел таниш ба даргирии мусаллаҳона печида, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози он муттаҳам мекунанд.

Мижгонаи Насриддин
Садои Душанбе