Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад
Моҳи марти соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, табодули фарҳангӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни ҷавонони кишварҳои гуногун мусоидат мекунад.
Чунин форумҳо ба иштирокчиён имкон медиҳанд, ки таҷрибаи якдигар, идеяҳо ва лоиҳаҳои навро, ки ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии ҷаҳон равона гардидаанд, мубодила намоянд.

