Кӯлоб. Ниёзмандон пайваста дастгирӣ меёбанд

Дар арафаи иди Саиди Фитр бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, собиқадорони меҳнат ва дигар шахсони масъул ба кормандони муассисаи давлатии «Хоҷагии комуналӣ»- и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Корхонаи фаръии давлатии Истеҳсолию истифодабарии манзил ва Корхонаи фаръии давлатии ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Кӯлоб кумакҳои яквақтаина дастрас гардид. Дар ин бора аз Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Зимни расонидани кӯмак аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо кормандони корхонаҳои мазкур сӯҳбати гарму самимӣ шуд, ки муҳаббат ва эҳтироми онҳоро нисбати ин давлату сарзамин зиёда гардонид.

Чунин иқдомҳои пешгирифта боиси хушҳолии кормандон гардида аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат бахусус, Роҳбарияти Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории бепоён баён намуданд.

Дар навбати худ сокинони шарафманди шаҳри Кӯлоб баҳри осудагиву тинҷии Тоҷикистони азиз даст ба дуо бардоштанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE