Қаиқронони тоҷик дар Чемпионати Осиё дар Ӯзбекистон ширкат меварзанд
Аз 22 апрел то 1 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ байни наврасону ҷавонон баргузор мешавад. Дар ин бора КМОТ хабар додааст.
Тими наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон барои ширкат дар чемпионат дар макони баргузории мусобиқот ба ҷамъомади машқӣ-варзишӣ фаро гирифта шуд.
Ҷумҳурии моро дар ин чорабинӣ 25 варзишгар (19 писар, 6 духтар) Юнусхуҷа Сафаралиев, Ислом Носиров, Муҳсинхуҷа Раҳматов, Муҳаммадӣ Раҷабов, Фирдавс Шарипов, Комрон Шакаров, Саидхуҷа Қодиров, Азизҷон Ҳайдаров, Ҷалолиддин Собиров, Шуҳрат Шакаров, Абдурасул Ҳаитов, Иброҳимҷон Қаҳоров, Амирҷон Бобоҷонов, Бобоҷон Бобоҷонов, Умар Рустамов. Ҷавоҳир Эргашев, Тимур Ёлкин, Собир Муродов, Салмон Валиев, Зумрат Пирназарова, Комила Пирназарова, Снежанна Гостева, Гузал Салимова, Анора Лагутенко ва Нозияхон Муҳиддинова намояндагӣ мекунанд.
Ҳайати дастаро роҳбари даста Зоҳирҷон Набиев, мураббиён Нурмуҳаммади Тоҳир, Азиз Бобоҷонов, Александ Лагутенко, Абдусаттор Ғафуров, Олим Қодиров ва Ҳасан Шарипов ҳамроҳӣ мекунанд.