Дар шаҳри Бохтар маркази «eKhonish» ифтитоҳ гардид
14 апрел дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барои рушди соҳаи маориф ва амалӣ намудани технологияҳои муосири таълимӣ маркази «eKhonish» ифтитоҳ гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, марказ бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин буда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои хонандагону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Татбиқи чунин лоиҳаҳо ба рушди таълими рақамӣ, беҳтар намудани сифати таҳсил ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мусоидат менамояд.
Ифтитоҳи маркази «eKhonish» қадами навбатӣ дар роҳи таҳкими соҳаи маориф ва дастгирии иқдоми созанда дар вилояти Хатлон мебошад.
Рақамикунонии соҳаи маориф тақозо менамояд, ки хонандагон аз зинаҳои аввалини таҳсил бо технологияҳои рақамӣ шинос гарданд. Ин барнома ба таври автоматӣ ҳисобот оид ба сатҳи таҳсил ва давомоти хонандагонро таҳия мекунад. Омӯзгор метавонад диққати асосиро ба мушкилоти воқеии таълим равона намояд. Инчунин воситаҳои идоракунии синф, робитаи мустақим бо волидайн ва таҳлили пешрафти хонандагон кори омӯзгорро босамар ва осон мегардонанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар

