ШИНОСОИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗЪИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Сатториён ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ҷиҳати расонидани тӯҳфаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиягирандагони мактаб – интернатҳо, ки тайи чанд рӯз идома дорад, бо ҷараёни сохтмони бинои нави мактаб – интернати шаҳри Истаравшан шинос гардида, ҳамзамон аз вазъи хобгоҳ, китобхона огоҳ ва бо тарбиягирандагони ин муассиса суҳбати самимӣ доир намуданд. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, алҳол дар мактаб – интернат 106 нафар тарбиягирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар доираи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷиҳати бунёди бинои нави таълимӣ барои тарбиягирандагони мактаб – интернати шаҳри Истаравшан хишти аввал гузошта шуда, дар ин самт аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои харидории масолеҳи сохтмонӣ 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст ва корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE