ИТТИҲОДИ АВРУПО ТУРКИЯРО ДИГАРБОРА БО ТАҲРИМОТ ТАҲДИД КАРД. АНҚАРА ЧӢ МЕГӮЯД?

Пас аз вокунишҳои Юнону Кипр дар хусуси корҳои чоҳпармакунии Туркия дар баҳри Миёназамини Шарқӣ ин қазия дар ҷаласаи охири Шӯрои Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасии сарони давлатҳо қарор гирифт. Ба иттилои хабаргузории “Франс – Пресс” Иттиҳоди Аврупо розӣ шудааст дар муносибат бо Анқара таҳримот ҷорӣ намояд.

Ҳамин тавр, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар нишасти охирини худ, ки дар Брюссел баргузор гашт, ба мувофиқа расиданд, то рӯйхати таҳримҳои мавҷудаи инфиродӣ ба муқобили Туркияро барои ғайриқонунӣ пармакунии чоҳҳои маъдан дар баҳри Миёназамин тавсеа диҳанд. “Роҳбарони Иттиходи Аврупо ба Шӯрои ин ниҳод дастур додаанд, ки дар асоси қарори 11 ноябри соли 2019 дар бораи чораҳои маҳдудкунанда вобаста ба пармакунии ғайриқонунии Туркия дар баҳри Миёназамин оид ба рӯйхатҳои иловагӣ мувофиқа кунанд”, – омадааст дар қатъномаи нишаст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Иттиҳоди Аврупо дар пайи ин қарор манфиатҳои худ ва кишварҳои узвро ҳимоя хоҳад кард. Дар айни замон, таҳримҳои инфиродии Иттиходи Аврупо барои пармакунии ғайриқонунӣ дар обҳои ҳудудии Кипр дар қисмати шарқии баҳри Миёназамин нисбат ба Туркия мавҷуданд.Моҳи ноябр Иттиҳоди Аврупо ин таҳримотро ба муҳлати як соли дигар (яъне, то 12 ноябри соли 2021) тамдид кард. Ба рӯйхати таҳримҳо барои пармакунии ғайриқонунӣ ҳоло ду шаҳрванди Туркия ворид шудаанд. Ин афрод, ба гуфтаи масъулини Иттиҳоди Аврупо, барои банақшагирӣ ва идоракунии амалиёти истихроҷи маъдан дар қисмати шарқии баҳри Миёназамин масъуланд, вале барои онҳо ҳеҷ гуна иҷозат аз Кипр вуҷуд надоранд. Чораҳо манъи вуруди ин ашхос ба Иттиходи Аврупо ва боздории дороиҳои онҳоро дар бонкҳои давлатҳои узв дар бар мегиранд.

Дар арафаи нишасти роҳбарони кишварҳои Аврупо роҳбари Шӯрои Аврупо Шарл Мишел изҳор дошт, ки дар амалҳои Туркия дар баҳри Миёназамин ҳеҷ тарафи мусбат вуҷуд надорад. Ӯ таъкид кард, ки Иттиҳоди Аврупо мехоҳад бо Туркия равобити бештар устувор ва пешгӯишаванда дошта бошад, аммо омода аст дар сурати тағйир наёфтани амалкардаш аз имкониятҳои дар ихтиёр доштаи худ истифода кунад.

Дар остонаи нишасти роҳбарони Иттиҳоди Аврупо сухангӯи Президенти Туркия Иброҳим Калин гуфта буд, “Туркия умедвор аст, ки роҳбарони Иттиходи Аврупо дар нишасти 10 – 11 декабр аз таҳримот алайҳи Анқара истифода нахоҳанд кард, зеро таҳдиду таҳримҳо ҳеҷ гоҳ натиҷа надода, баръакс пайомади нохуш доранд”. Ба гуфти сухангӯи Эрдуғон “Туркия барои иҷрои як барномаи мусбат талош мекунад ва мехоҳад дар равобит бо Иттиҳоди Аврупо сафҳаи наве боз кунад”. Иброҳим Колин мегӯяд кишвараш ҷойгоҳи худро дар оянда дар доираи Иттиҳоди Аврупо мебинад. “Мо бо баъзе кишварҳо дар доираи масъалаҳои мушаххас ихтилофи назар дорем, аммо ин набояд моро тақсим кунад”, – таъкид доштааст ӯ.

Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир муносибатҳои Афина ва Анқара якбора бад шуданд. Ин ба он вобаста аст, ки киштии туркии Орук Рейс дар соҳили баҳри Миёназамин, дар минтақае, ки Юнон онро Минтақаи истисноии иқтисодии худ мешуморад, тадқиқоти сейсмикӣ анҷом дода истодааст. Ба ин хотир қувваҳои мусаллаҳи Юнон ба ҳолати омодабош дароварда шудаанд. Туркия, инчунин дар наздикии Кипр таҳқиқот мегузаронад. Юнон дар ҳама нишастҳои байналмилалӣ масъалаи ин амали Туркияро ба миён мегузорад. Иттиҳоди Аврупо бошад амалкарди Туркия дар Баҳри Миёназаминро дафъатан маҳкум карда, гуфтааст, ки дар сурати идома додани ин амал, дар муносибот бо Анқара аз чораҳои дигар кор хоҳад гирифт.

Тоҷиддин САТТОРЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE