КОВИД – 19: ШУМОРАИ СИРОЯТШУДАГОН МЕАФЗОЯД!

Ба иттилои пойгоҳи интернетии Созмони Умумиҷаҳони Тандурустӣ шумораи гирифторони Ковид – 19 дар ҷаҳон ба ҳолати то 10 декабр аз 70 млн нафар бештар шудааст.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар ҷаҳон 70 698 413 нафар ба коронавируси нав гирифтор шудаанд. Теъдоди рекордии гирифторон дар Амрико ба қайд гирифта шудааст. Дар ин кишвар то имрӯз 16 039 393 нафар аз Ковид – 19 сироят ёфтаанд. Дар Ҳиндустон, ки пас аз Амрико ишғулкунандаи мақоми дую дар ин раддбандист, шумораи гирифторон ба 9 796 992 нафар баробар шудааст.

Инчунин, хабар дода мешавад, ки дар саросари ҷаҳон аз замони шуюи пандемия то имрӯз 1 587 564 нафар ба ҳалокат расида, аз шумораи умумии гирифторон 49 13 827 нафар шифо ёфтаанд.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE